Ҷавонзани сокини шаҳри Ҳисор ва 2 кӯдаки хурдсолаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе Ҳисор ҳалок шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса шоми рӯзи 14 август рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Camry, cокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳробод зани 27-солаи сокини маҳаллӣ ва 2 писари 4-сола ва ҳоло 1-сола нашудаи ӯро бо автомашинааш пахш мекунад”, - хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта зан дар ҷойи ҳодиса ва фарзандонаш дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳолатҳои рух додани ин садама мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд.

Бино ба маълумоти ВКД-и ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 482 ҳодисаи садамаи нақлиёт (дар ҳамин давраи соли 2021 - 472 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 180 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 509 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд (дар зарфи 6 моҳи соли гузашта - 555 нафар).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.