Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Нисбат ба таҳқиқи ҳодисаи муноқишаи ҷавонони шаҳри Хуҷанд бо коргарони Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» кор мекунанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар задухӯрд тахминан 30-40 нафар иштирок доштаанд. «Мо маълумоте дорем, ки миёни коргарони Чин нафароне будаанд, ки қаблан доғи судӣ доштаанд, - изҳор дошт манбаъ. - Тибқи қонунгузории кишвари мо, шахси доғи судӣ дошта муддати панҷ соли пас аз адои ҷазо ҳуқуқ надорад қаламрави кишварро тарк намояд ва акнун лозим аст, муайян созем, ки ин нафарон чӣ тавр ба Тоҷикистон омадаанд».
Ёдрас мекунем, ки дар шоми рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд миёни ҷавонони маҳаллӣ ва сохтмончиёни Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» фаъолият доранд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.
Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, сохтмончиёни Чин ба қаҳвахона омада, дар он ҷо бо ҷавонон ҷанҷол мебардоранд. Дар бораи осебдидагону саркардагони задухӯрд маълумоте нест. Танҳо маълум аст, ки аз ҳар ду ҷониб нафарони дар ин ҳодиса дастдошта боздошт шудаанд.
Шоҳидони ҳодиса баён доштанд, ки задухӯрд дар қаҳвахонаи «Баҳор»-и назди мағозаи маъруфи «Оазис» руй додааст. Сохтмончиёни Чин бо аҳолии маҳаллӣ гапашон напухта, ҷанҷол мекунанд ва пас аз чанде гурӯҳи коргарони Чин омада, бо арматура шишаҳои мағозаҳо ва мошинҳоро ба шикастан оғоз менамоянд. Мағозаи «Оазис», қаҳвахона ва як мағозаи дигар осеб дидаанд.
Баъди чанд муддате милисаҳо ва гурӯҳи фаврии зудамал он ҷо ҳозир шуда, нафаронеро, ки дар ин задухӯрд даст доштанд, боздошт мекунанд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста