Прокуратураи шаҳри Норак нисбати шавҳари Алифмоҳ Худойназарова, ки каме дуртар аз обанбори Норак худро ба дарёи Вахш партофт, парвандаи ҷонӣ боз намуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавонзан то ҳол идома дорад.


Тавре ба «Азия-Плюс» аз прокуратураи шаҳри Норак дар ин робита иттилоъ доданд, нисбати ҳамсари ҷавонзан Муҳаммадзариф Зарифов мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 109 (Ба худкушӣ расонидан) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Дар прокуратура ба хотири сирри тафтишот аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ карданд.

Наздикони Алифмоҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки духтарашон ҳамсари дуюми Муҳаммадзариф Шарифов буда, дафъаҳои ахир аз фишори зиёди равонӣ азият доштааст.

Нозанин Бобиева, модари Алифмоҳ Худойназарова, гуфтааст, ки духтараш асосан дар манзили онҳо ба сар мебурд ва ҳар замон шавҳараш ӯро бо худ мебурд ва дубора меовард.

Ҳангоми худро ба дарё афкандан тифли батни Алифмоҳ семоҳа будааст. Сабабҳои ба ин амал даст задани ҷавонзан алҳол саҳеҳ маълум нестанд. Мақомоти тафтишот доимо мавриди таҳқир қарор доштан ва хушунат нисбати занро ҳамчун яке аз фарзияҳо баррасӣ доранд.

Ҷойи ҳодиса