Айни замон дар муассисаҳои махсуси ислоҳии Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешаванд.

Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки 80 нафари онҳо маҳбусоне мебошанд, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, миёни маҳбусоне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, аз ҷумла собиқ фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, муовинони раиси Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайит ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2004 дар Тоҷикистон ба адои ҷазои ҳукми қатл моратория эълон шуда, онро ба ҳукми ҳабси якумрӣ иваз карданд.

Таъкид шуд, ки миёни маҳкумшудагон 1548 нафар барои ақида ва даъватҳои ифротгароӣ ва 239 нафар барои узвият дар аҳзобу ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшуда адои ҷазо мекунанд. «Дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ 39 нафар ноболиғон нигаҳдорӣ мешаванд», - иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки тӯли 6 моҳи соли равон дар муассисаҳои махсуси ислоҳии кишвар 27 нафар аз олам даргузаштаанд, ки марги ҳамаи онҳо табиӣ сурат гирифтааст.

Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳӣ фаъолият дорад, ки 5-тои он боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО), 8-тоаш муассисаи ислоҳии низоми гуногун, 1-тоаш муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон, 1-тоаш зиндон ва 3-тоаш муассисаи ислоҳии сукунат мебошад.