Суди олии Тоҷикистон сокини шаҳри Турсунзода Умедҷон Иззатовро барои содир намудани ҷинояти куштори вазнин ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маҳкумшуда дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Абдулҳомид Усмонов доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ карда ӯро таҳқир ва дашном медод, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А.А., воқеъ дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода рафта, бо ӯ вохӯрдааст.

«Зимни суҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А.А., ӯ бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан, аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст», - қайд мешавад дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, ӯ ба падари Усмонов, ки ба ҳимояти писараш омадааст, низ бо корд ду зарба зада, вале ба табибони маҳаллӣ муяссар мегардад, ки ӯро наҷот диҳанд.