Аслиҳаву муҳимоте, ки шоми 14 январ дар яке аз гаражҳои шарқи Маскав дарёфт шуд, ба гумонбарони содир кардани амалҳои террористии ҳамон рӯз боздоштшуда мансуб нест.

Як манбаъ аз мақомоти қудратӣ ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, ки дар пинҳонгоҳ таппончаву норинҷакҳо ва муҳимоти қутри гуногун дарёфт шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳамаи силоҳу муҳимоти дарёфтшуда ба ташхис фиристода мешавад.

Давлатёр Ҳоҷиев гуноҳашро эътироф намекунад
ТАСС

Шоми рӯзи 14 август як манбаи «Интерфакс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст, ки дар минтақаи шарқи шаҳри Маскав пинҳонгоҳи бузурги аслиҳа ошкор шудааст, ки метавонад ба ҷангиёни ҳамон рӯз боздоштшуда тааллуқ дошта бошад. Автомату таппонча ва тирҳо дар яке аз гаражҳои ноҳияи Голяново дарёфт шудааст.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи наздиикии шаҳри Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия боздошт шуданд. Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев ба гумони тарҳрезии амалҳои террористӣ дар нақлиёт ва марказҳои савдои шаҳри Маскав боздошт шуданд. Ному насаби шаҳрванди Русия зикр намегардад.

Сулаймон Бурҳонов
ТАСС

Тавре Хадамоти федералии амният хабар дода буд, гумонбаршудагон содир намудани амалҳои террористиро бо истифода аз маргталабон ва бомбаҳои пуриқтидор тарҳрезӣ карда буданд. Тибқи маълумоти ин ниҳод, ба фаъолияти ҷангиёни дастгиршуда фиристода (эмиссар)-и Давлати исломӣ роҳбарӣ ва назорат мекард.

Худи ҳамон рӯз Суди Лефортовои шаҳри Маскав се нафар гумонбарон ба омода кардани амали террористӣ дар пойтахти Русияро ба ҳабс гирифт. Сиёвуши Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то 11 октябр дар ҳабс қарор хоҳанд дошт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, аз ҳамтоҳои русиягии худ дар ин хусус маълумот дастрас кардаанд.

«Алҳол мо шахсияти боздоштшудагонро муайян карда истодаем, - гуфт котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ. - Дар ин самт мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамкорӣ дошта, айни замон даст доштани ин шахсон ба ташкили амалҳои террористӣ дар Маскав муайян карда мешавад. Мо дар даст оид ба ин масъала маълумот дорем, вале ба хотири халалдор накардани ҷараёни тафтишот, аз ифшои он худдорӣ мекунем».

Қаблан ВАО-и Русия итиилоъ дода буданд, ки ду нафар аз боздоштшудагон ба гуноҳашон иқрор шуда, Давлатёр Ҳоҷиев айбашро ба гардан нагирифтааст. «Маро даъват карданд (ба омодасозии амалҳои террористӣ), вале ман нарафтам», - гуфтааст ӯ.