Собиқ роҳбари ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шариповро шоми дирӯз, 12 декабр аз қаламрави Русия хориҷ карданд.

Ин кор дарҳол баъди аз ҷониби суди вилояти Маскав бетағйир гузошта шудани қарори зинаи аввали судӣ, ки мувофиқи он, ӯ дар риоя накардани қонунгузории Русия айбдор дониста шуда, бояд аз қаламрави Русия хориҷ мешуд, сурат гирифт.

Гуфа мешавад, ҷаласаи судӣ бидуни ҳузури худи Каромат Шарипов доир гардида, ӯ дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ дар шаҳри Егорвеск қарор дошт.

Дар сомонаи ташкилоти «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қайд мешавад, ки дарҳол баъди содир шудани қарор дар бораи ихроҷи ӯ, намояндагони мақомоти судӣ ба шаҳри Егоревск омада, зери посбонӣ ва завлонаҳо дар даст Шариповро ба фурудгоҳи «Домодедово» бурдаанд.

Зикр мегардад, ки Каромат Шарипов тариқи хатсайри ҳавоии Маскав - Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳамчунин қайд мешавад, ки билети ҳавопаймоӣ ба ин хатсайр пешакӣ гирифта шудааст.

«Ба Каромат Шарипов, ки ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷ дошт, ёрӣ расонида нашуда, ба ӯ имкон надоданд, ки бо оилааш - ҳамсару фарзандонаш дидору гуфтугӯ кунад. Зимни ҷаласа судя изҳор дошт, ки барои зиндагии якҷоя аъзои оилаи Каромат Шарипов метавонанд аз паси ӯ ба ватани таърихиашон бираванд», - қайд мешавад дар маълумот.

Дар ҳамин ҳол, аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳақиқатан ҳам Каромат Шарипов дар рӯйхати мусофирони хатсайри №957-и ширкати «Сибир» аз Маскав ҳузур дошта, ҳайопаймо соати сеи шаб ба Кӯлоб фуруд омадаааст. Доир ба макони будубоши ҳозираи Каромат Шарипов алҳол маълумоте дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 декабр суди Люберетский дар бораи ихроҷи роҳбари ташкилоти барҳамхӯрдаи «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қарор содир кард.