Директори яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт 500 сомонӣ пора гирифта, 150 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Прокуратураи генералии ҶТ, директори мактаб Я. Толибов аз муаллимаи ҳамин мактаб Н.Эшонова барои ғайриқонунӣ омода кардани аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ барои духтари ин омӯзгор 500 сомонӣ пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳарду омӯзгор ҳам ҷарима шудаанд - директори мактаб дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ ва муаллимаи мактаб - ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.