Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки нисбат ба кори чор вазорату кумитаҳои кишвар изҳори назар кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, давоми моҳҳои феврал-апрели соли равон Агентӣ гузаронидани таҳлили фаъолиятро дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи сохтмон ва меъморӣ ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти вазорату кумитаҳои интихобшуда, аз ҷониби гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки ба ҳайати он намояндагони худи вазорату идораҳои интихобгардида ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.

«Аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро ирсол намоянд», - омадааст дар маълумот.