Кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соҳибкорро ҳамчун гумонбар дар фиреби истеъмолкунандагон дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда, бо мақсади фурӯш ба ва ба даст овардани маблағи пулӣ, дар мағозаи фурӯши маҳсулотҳои сохтмонӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода ба марди 34-солаи сокини деҳаи Туда, ба миқдори 50-адад маҳсулоти сохтмонии “Шпаклёвка”, тамғаи “Адинекс МК” ва 10-адад “Родбанд-Элемент”, ҷамъ ба маблағи умумии 1500-сомонӣ фурӯхтааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи хулосаи ташхиси Институти кимиёвии ба номи “В.И.Никитина”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон маҳсулотҳои сохтмонии мазкур ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.