Прокуратураи вилояти Хатлон ҳодисаи таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД шаҳри Қӯрғонтеппаро дубора мавриди тафтиш қарор медиҳад.

Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки қаблан ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди тафтиш қарор гирифта буд.

Вазорати корҳои дохилӣ таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳодисаи нохуш номида буд.

«Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа аз рӯи натиҷаҳои санҷиш оғози парвандаи ҷиноиро рад кард. Прокуратураи вилоят ҳафтаи гузашта аз рӯи ин парванда ҳисобот талаб карда, қарори прокуратураи шаҳрро бекор ва санҷишро дубора барқарор намуд», - гуфт ӯ.

Ба қавли прокурор, минбаъд прокуратураи вилоят ба баррасии ин парванда машғул шуда, айни замон масъалаи оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин далел ва тафтиши дигар ҳолатҳои марбут ба ҳодисаи мазкур баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шоми санаи 1 декабр дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа таркиш рух дода, бар асари он муфаттиши навбатдори шуъба капитан Муҳиддин Зоҳидзода ҳалок шуд.

 Дар робита ба ин ҳодиса аз ҳисоби кормандони ВКД ва мақомоти прокууратура гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, ин гурӯҳ ба таҳқиқ ва ошкор кардани ҳолатҳои марбут ба таркиш вазифадор гардид.

Зикр гардида буд, ки таркиш замони аз ҷониби капитан Зоҳидзода бақайдгирии маводи тарканда, ки аз ҷониби кормандони шуъба ҷамъоварӣ шудаанд, ба вуқӯъ пайваст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.