Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Тоҷикистон рӯйхати ронандагонеро, ки дар баробари қоидавайронкунӣ, аз вазифаи хизматии шахсони мансабдор ва наздикони онҳо истифода мекунанд, нашр кард.

Давоми ҳафтаи гузашта якчанд далели ба талаботи қонунии корманди БДА оиди боздошти воситаи нақлиёт итоат накардани ронандагон муайян, ошкор ва ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии раёсати милитсияи пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ронандагон бо нозири роҳ муносибати дағал, дошта, нописандию ҳавобаландӣ мекунанд ва аз вазифаи хизматии шахсони мансабдор ва наздикони онҳо сӯиистифода карданӣ мешаванд.

Дар идома рӯйхати чунин ронандагон оварда шудааст:

1/10

Забуров Сайдҳасан Ҳикматуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 6599DD01,276

Олимов Саидакбар Абдуллоевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс, рақами қайди давлатиаш 7724АТ01,277

Рауфов Саидикром Ҳасанович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5536АТ01,278

Бобоев Баҳодур Абдуҷабборович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3257АС07,279

Шарипов Маҳмасобир Маҳматович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 5247СР01,280

Оев Ғолибҷон Юсуфович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 1966ВК01,281

Назаров Ҷумахон Шералиевич - ронандаи автомашинаи тамғаи Хундай Старекс, рақами қайди давлатиаш 8425ТТ01,282

Аминов Бахтиёр Ҷамшедович - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 9369ЕЕ01,283

Каримов Самад Маҳмадраҳимович - ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз 2107, рақами қайди давлатиаш 9868ЕЕ01,284

Зарипов Бахтиёр Рафиқович - ронандаи автомашинаи тамғаи Дэу Сиело, рақами қайди давлатиаш 9712АВ08.

Мувофиқи меъёрҳои Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои итоат накардан ба талаботи кормандони БДА, дар ҳаҷми аз 150 то 250 сомонӣ ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати аз 6 моҳ то 1 сол ҷазо таъин шудааст.