Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тайи чанд рӯзи охир 5 нафар шахсони бехонаву бекор ва оворагард (бомжҳо)-ро бо ҷойи кору зист таъмин намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсат, пеш аз таъмин бо ҷойи кору зист онҳо бепул аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, Александр Нуриддинов - дар КММ “Парвоз”, Виталий Павлов - дар Муассисаи истифодабарии манзилии №13 ноҳияи Сино, Фатҳуддин Файзуллоев - дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Андрей Бекшниев - дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур ва Васфишо Юсуфшоев - дар Қаҳвахонаи Сим-Сим бо ҷои хоб ва кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин кор дар доираи амалисозии қарори раси пойтахт Рустами Эмомалӣ аз 1 феврали соли ҷорӣ "Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” сурат гирифт.

1/2

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба риояи талаботҳои Маромномаи сокини пойтахт, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии нашъамандӣ, муборизаи якҷояи мақомот бо аҳолӣ зидди ифротгароӣ ва аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи оромии ҷомеа сорабиниҳои гуногун баргузор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.