Зимни бозпурсии рӯзи 24 феврал сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистони вилояти Суғд фирор намуд.

Ӯ ба гумони даст доштан дар таҷовуз ба номуси духтари худ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон дар ин робита хабар дод, ба туфайли тадбирҳои фаврии кормандони милитсия ва прокуратура гумонбаршуда дар муҳлати 12 соат дастгир шуд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, боздоштшудаи фироркарда дар дохили автомашинаи мусофирбар (маршрутка)-е, ки ба шаҳри Хуҷанд раҳсипор будааст, боздошт мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки боздоштшуда соли 1978 ба дунё омада, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст, вале дар Хуҷанд зиндагӣ доштааст.

Аз ҷузъиёти чӣ гуна ба боздоштшуда муяссар гардидани гурехтан аз бино маълумот дастрас нест.

Айни замон боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Гулистон нигаҳдорӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.