Нисбати марди гумонбар ба таҷовузи номус ба духтараш парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Нисбати ӯ прокуратураи шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бо дастрасии моддаи 138, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Боздоштшуда соли 1978 ба дунё омада, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст, вале дар шаҳри Гулистон зиндагӣ доштааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот хабар дод, бори нахуст ҳанӯз як сол пеш ин мард ба таҷовузи номуси духтараш даст задааст. Баъдан бо таҳдид чандин маротиба духтари 18-солаи худро ба ин кирдори номатлуб водор кардааст. То маълум шудани ҳомиладорӣ духтар ба касе чизе намегуфтаааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, модари духтар ба табибон муроҷиат намуда, онҳо ҳомиладории ӯро тасдиқ кардаанд. Духтарро исқоти ҳамл кардаанд.

«Нисбати мард метавонад боз бо як моддаи Кодекси ҷиноӣ - 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) парвандаи ҷиноӣ боз шавад, зеро ҳеҷ кадоме аз панҷ фарзандашро намегузоштааст, ки ба мактаб раванд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамсар ва фарзандони гумонбаршуда изҳор доштаад, ки аз ҷониби ин мард мунтазам мавриди фишору зӯроварӣ қарор мегирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 феврал гумонбаршуда аз бинои прокуратураи шаҳри Гулистони вилояти Суғд фирор намуда, ба туфайли тадбирҳои фаврии кормандони милитсия ва прокуратура дар муҳлати 12 соат дастгир шуд.