Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилаи сатҳи баланди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, рӯзи 26-юми феврали соли 2018, шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷӯрақулович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Ҳисор, ки дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт ба Тоҷикистон баргардонида шуд

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ қаблан бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда маҳкум шудааст.

 Зикр мегардад, ки Ҳомид Воҳидов аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Тошканд дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, дар асоси Шартномаи «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои он» аз 25.05.с.1999 ҳамкориҳоро вусъат дода, сохторҳои марбутаи ин ду кишвар мубодилаи ахборотҳои моҳияти хизматӣ доштаро тақвият дода истодаанд.

Қобили зикр аст, ки кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта дар қаламрави кишвар аз 36 амали террористӣ пешгирӣ намуданд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба журналистон иттилоъ дод, ки ба туфайли маълумоти аз ҷониби ВКД Тоҷикистон пешниҳодшуда ба ҳамтоҳои хориҷии худ, дар як қатор кишварҳо низ амалҳои террористӣ пешгирӣ шуд.

«Дар қаламрави Русия бо кумаки Тоҷикистон 5 амали террористӣ, Чин - 1, Ӯзбекистон - 2 Украина - 1 ва Қазоқистон - 1 амали террористӣ пешгирӣ шуд», - қайд карда буд вазир.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.