Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар бораи боздошти шахсе хабар дод, ки парчамҳои созмони террористии Давлати исломиро тайёр карда, дар ноҳияи Вахш овехта буд.

Дар гузориши видеои КДАМ дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон қайд шуд, ки дар ин робита сокини 31-солаи ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Партоев боздошт шудааст.

Дар гузориши телевизионӣ зикр гардид, ки Партоев ба гумони омода кардани парчамҳои Давлати исломӣ барои бадном кардани Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ боздошт шудааст.

Қурбоналӣ Партоев дар гузориш иқрор мешавад, ки ӯ бо сабаби хусумати шахсӣ нисбати Саидов ба ин амал даст задааст, лекин доир ба чӣ гуна хусумат доштанаш чизе нагуфт.

«Хеле мехостам, ки хадамоти махсус Нусратулло Саидовро ба ҳабс гиранд ва ақидае ба сарам омад, ки ӯро бадном (подстава) кардан лозим аст. Дар болои корхонаи ӯ парчам овехтам, - иброз дошт ӯ. - Аз бозор рангу матои сафед ххарида, аз рӯи суратҳои интернет парчамҳои Давлати исломиро омода намудам ва болои боми корхонаи Саидов гузоштам. Боз ду парчамро дар дохили бино мондам».

Нисбати Партоев мутобиқи моддаҳои 32, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва моддаи 307, прим 1 (Даъватҳои оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва эътирофи оммавии ифротгароӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар ноҳияи Вахш шахсони номаълум парчамҳои созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ)-ро парафшон карданд. Ба гумони даст доштан дар ин амал се нафар сокинони ноҳияи Вахш боздошт шудаанд.