Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди маълумот дар бораи содир шудани ҷиноятҳо байни шаҳрвандон (хабарнигорони фаврӣ) озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар озмуни мазкур тамоми хоҳишмандон метавонанд фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ахбор пешниҳод намоянд.

«Шаҳрвандон метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992-939-222-111 ва почтаҳои электронии  [email protected][email protected] истифода намуда, ахбороти худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд», - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Аз ҷараёни озмун ҳар ним сол натиҷагирӣ шуда, зимнан таъкид мегардад, ки махфӣ нигоҳ доштани шахсият кафолат дода мешавад.

Иштирокчиёни фаъоли озмуни мазкур бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.