Собиқ раиси бонки мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштаи «Тоҷпромбонк Ҷамшед Зиёев аз боздоштгоҳи нигаҳдории муваққатӣ (ИВС) ба боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) гузаронида шуд. Ба ӯ чӣ гуна айбномаҳо пешниҳод шудаанд, маълум нест.

«Собиқ раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев, ки рӯзи 24 апрели соли равон боздошт шуда буд, айни замон тибқи қонун дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) қарор дорад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, возеҳ нест, ки Зиёев бо кадом асосҳо боздошт ва маҳз кадом айбномаҳо нисбати ӯ пешниҳод шудааст. Санаи дуюми май бо дархости Прокуратураи генералӣ хабаргузории «Азия-Плюс» ба ин ниҳод бо хоҳиши пешниҳоди маълумот доир ба ин масъала дархост фиристод.

Мо дархост кардем, ки ба саволҳои зерин посух дода шавад:

- Оё нисбати Ҷамшед Зиёев парванда боз шудааст? Аз рӯи кадом моддаҳо? Ӯ дар чӣ гуна амалҳо гунаҳкор дониста мешавад?

- Айни замон ӯ дар куҷо нигаҳдорӣ мешавад?

- Ҳамроҳи ӯ дигар шахсон - кормандони бонк низ боздошт шудаанд? Онҳо киҳоянд?

Бо гузашти ду ҳафта (бо қонуншиканӣ) то ҳол мо посух нагирифтаем.

Ҳамаашро кашида гирифта, баъд ҷавоб медиҳанд?

Тибқи баъзе маълумот, ба боздоштшуда пешниҳоди айбномаҳо дар мавриди ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои «Тоҷпромбонк» (амонатгузорон) имкон дорад. «Тоҷпромбонк» феълан дар марҳилаи анҷоми расмиёти барҳамдиҳӣ қарор дорад.

Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Тибқи маълумоти як манбаи ба тафтишот наздики «Азия-Плюс» бидуни ифшои ному насаб, айни замон Зиёев аллакай аз қисмате аз саҳмияҳои корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан воқеъ дар наздии корхонаи сементбарории Душанбе маҳрум шудааст.

«Ба ӯ ҳозир пешниҳод доранд, ки дигар чизҳои боқимондаро диҳад, ки қонуниву ғайриқонунӣ ба худаш тааллуқ дорад ва баъд ӯро озод мекунанд, - мегӯяд манбаъ. - Ба гумони ғолиб, ӯ ба ин кор маҷбур мешавад, лекин дигар шахсонеро, ки ба ҳар гунае дар муомилоти бонк иштирок кардаанд, аз қафои худ бурда метавонад. Ва то ҷое ман огаҳӣ дорам, ӯ аллакай нисбати онҳо баёнот медиҳад».

Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд. Ҷараёни барҳамдиҳӣ метавонад муддати ду сол идома ёбад. Дар сурати зарурат, қонунгузорӣ ба дароз шудани муҳлат боз ба як соли дигар бо қарори суд имкон медиҳад.

Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.