Аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи гунаҳкор дар қатли ҳамсарони соҳибкор аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд.

Аъзои гурӯҳи ҷиноятеша ба куштори бераҳмонаи ҳамсарон - Мақсудҷон Муҳаммадҷонов ва Инобат Неъматуллоева айбдор дониста шуда, ба муҳлатҳои аз 17 то 30 сол равонаи зиндон шуданд.

Ҳамсарони 60-сола дар манзилашон дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 18 октябри соли 2017 кушта шуданд. Онҳо дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд мағозаи фурӯши матоъҳо доштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Суди олии Тоҷикистон Беҳрӯз Шофиев дар ин робита хабар дод, чор нафар аз айбдоршавандагон - Сайфулло Абдиев, Ҷунайдулло Меҳбуллоев, Шарофиддин Абдуллоев ва Абдумманнон Эргашев ба 30 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудаанд.

«Ба Парвин Муродбекзода - 25 сол, Абдусувуд Имомов ва Рустам Маъруфзода - 17-солӣ ҷаои зиндон таъин шуд», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, аъзои гурӯҳ таҳти роҳбарии Сайфулло Абдиев шаби 17 ба 18 октябри соли 2017 ба манзили соҳибкорон ворид шуда, даҳони соҳибхонаҳоро бо скотч мебанданд ва бо қубурҳои оҳаниву мехканак онҳоро бераҳмона лату кӯб мекунанд, ки бар асари он ҳамсарон ба ҳалокат мерасанд», - иброз дошт Шофиев.

Зимнан зикр гардид, ки аз манзили соҳибкорон аъзои гурӯҳ 59 ҳазор сомонӣ, 75 ҳазор доллар, телефонҳои мобилӣ ва дигар чизҳои арзишмандро ғорта кардаанд.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, ин гурӯҳи иборат аз сокинони Хуҷанд, Конибодом, Мастчоҳ ва Восеъ баъди содир кардани ҷинояти навбатӣ - ғорати манзили сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаби 26 январ ошкор шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.