Чунин буданд суханони гуфтаи сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Илҳом Ғафуров, ки барои қатли падараш ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Хуҷанд Шарифзода Мавҷуда Раҷабӣ хабар дод, ин ҳодисаи фоҷеабор 21 феврали соли равон рух дод: маҳкумшуда дар ҳолати мастӣ бо падари 60-солааш Иброҳим Ғафуров, ки низ дар ҳолати мастӣ аз машрубот қарор дошт, ба муноқиша пардохта, бо курсӣ падарро мавриди латукӯб қарор медиҳад, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои сершумори ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ҷасадаш субҳи рӯзи дигар дарёфт шуд.

Ба гуфтаи номбурда, дар хонае, ки ин ҳодиса рух дод, дар як ҳавлӣ боз се писари дигари Иброҳим Ғафурови кушташуда бо оилаҳои худ зиндагӣ дошта, ҳамсари маҳкумшуда назди волидонаш рафтааст ва модари хонадон соли 2017 даргузашта буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.