Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сокини 48-солаи ноҳияи Фархор Файзулло Қалуғшоевро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 17 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, Қалуғшоев қаблан низ ба иттиҳоми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва қочоқ гунаҳкор эътироф гардида, ба 18 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале баъди ба озодӣ баромадан, боз ба шуғли ғайриқонунии пешинааш даст задааст.

«Дар ҷараёни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар гузаргоҳи «Қӯштегирмон»-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд автомашинаи КамАЗ таҳти идораи ронанда С.Назаров боздошт ва аз он дар маҷмӯъ 65 бастаи дорои 120 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва афюн дарёфт мегардад», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки ин миқдори маводи мухаддирро Қалуғшоев ва ҳаммаслакаш – собиқ капитани комиссариати вилояти Суғд К.Ниёзов барои фурӯш аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ҷангалӣ харидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки Файзулло Қалуғшоев 1 августи соли 2017 дар қаламрави ноҳияи Варзоб боздошт шудааст.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ӯро ба 17 сол ва ҳаммаслаконаш – К.Ниёзов ва С.Назарзодаро ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.