Зариф Ҷумъаев, сокини 43-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои қатли бераҳмонаи падараш ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, рӯзи 27 сентябри соли 2017 падари маҳкумшуда писарашро барои шаробнӯшии зиёд сарзаниш намуда, як маротиба ба рӯяш зарба мезанад.

«Писар аз ин ба хашм омада, дар пеши чашми набераи 14-солааш бо зарбаи корд падарашро аввал аз дилаш захмӣ ва баъди ба замин афтодани ӯ, боз чандин маротибаи дигар ба ҷисми ӯ зарба мезанад, ки бар асари захмҳои зиёд падар ҳалок мешавад», - қайд карданд дар суд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ Зариф Ҷумъаев ҳатто ба хотир оварда натавонист, ки чӣ гуна падаршро ба қатл расонидааст ва дар сухани охирин ҳам изҳор доштааст, ки дар ин бора чизе гуфтанӣ нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.