Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи бо сайёҳӣ Руминия рухдодаро, ки кормандони БДА-и Тоҷикистон аз ӯ пул тамаъ мекунанд, мавриди омӯзиш қарор дод. Далели порагирӣ дар видео сабт шудааст.

Ҳодиса бо сайёҳ аз Руминия Михай Сика рух дода, ӯ дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот нашр кард.

Моҳи июли соли гузашта Михай Сика ва дӯсти ӯ ба Помир сафар карда, зимни бозгашт ба Душанбе санаи 28 июл дар даромадгоҳ ба шаҳри Кӯлоб онҳоро кормандони БДА боздошт мекунанд.

Ҷараёни ҳодиса дар видеои аз ҷониби сайёҳи Руминия наворбардоришуда намоиш дода мешавад. Дида мешавад, ки нозири БДА калимае ҳам ба забони англисӣ нагуфта, бо ишора мефаҳмонад, ки меҳмонон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд.

Бино ба гуфтаи сайёҳ, корманди милитсия аз онҳо 500 сомонӣ талаб карда, вале баъд ба 200 сомонӣ розӣ шудаанд. Михай пулро ба курсии нишастгоҳи милитсионер мегузорад.

Дар навори видео дида мешавад, ки сайёҳ пулро ба корманди БДА медиҳад.

Айни замон ин ҳодиса мавриди тафтиши ВКД Тоҷикистон қарор гирифтааст. Ба гуфтаи котиби матбуотии Вазорат Умарҷони Эмомалӣ, шоми дирӯз баъди дар шабака гузошта шудани навор, тафтиши дохилӣ оғоз гардидааст.

Тибқи маълумоти номбурда, агар гуноҳи кормандони милитсия исбот шавад, онҳо аз кор озод ва нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз мегардад.

Қобили зикр аст, ки он замон  сайёҳони Руминия бо дучарха (мотосикл)-ҳо муддати 50 рӯз қаламрави 5 кишварро гузашта, 25 ҳазор километр масофаро тай намуданд. Дар Тоҷикистон онҳо 5 рӯз ҳузур дошта, бо роҳҳои душворгузар ҳаракат карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.