«Бигзор ҷиноят ноошкор монад, шиканҷаро раво набинед!». Ин лавҳа бо иқтибос аз гуфтаҳои вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар даромадгоҳи Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ насб шудааст.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар сомонаи худ аксҳои 18 нафарро ба нашр расонид, ки қурбони шиканҷа шудаанд.