Собиқ роҳбари ҳаракати умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов рӯзи 2 июл аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки даъвои ӯро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накард, ба суди шаҳри Душанбе шикоят бурд.

Каромат Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки даъво ба суди шаҳрӣ «ба беамалии судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дахл дошта, аз 18 саҳифа иборат аст. «Аз суди шаҳри Душанбе хоҳиш дорам, ки ин парванда мунсифона баррасӣ шавад», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 4 июни соли равон  суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шариповро нисбати ВКД Тоҷикистон қонеъ накарда, баррасии минбаъдаи парвандаро рад намуд: суд даъвои ӯро беасос эътироф кард.

Шарипов бар ин назар аст, ки ба суд фишор сурат гирифтааст. Баъди мурофиа ӯ таъкид намуд, ки мувофиқи қонунҳо ва Конститутсияи Тоҷикистон, ҳамчунин ҳамаи санадҳои мавҷуда, ӯ ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набуда, ҳамеша шаҳрвандии Русияро доштааст.

Ёдрас мекунем, ки Каромат Шарипов 13 декабри соли гузашта аз Русия хориҷ шуд. Суди вилояти Маскав қарори суди зинаи аввалро дар бораи гунаҳкор будани ӯ дар ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандии Русия бетағйир боқӣ гузошт.

Тамоми муддати пас аз хориҷ шудан аз Русия ӯ бидуни ҳуҷҷату бекор дар Тоҷикистон қарор дорад.

Соли 2007 бо ташаббуси Каромат Шарипов анҷумани якуми халқиятҳои Тоҷикистон дар Русия доир гардида, дар бораи таъсиси ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» қарор қабул шуд. Шарипов бар асоси алтернативӣ якдилона раиси ин ҳаракат интихоб шуд.

Соли 2016 Суди олии Русия аризаи шикоятии маъмурии Вазорати адлияи Русияро дар бораи барҳам додани ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» барои қонуншикании ошкоршуда дар оиннома ва протоколи анҷуманҳо қонеъ намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.