Суди ноҳияи Синои шаҳриДушанбе сокини пойтахт Эргаш Ризоевро барои хабар надодан дар бораи исён ба 8 солу 4 моҳи зиндон маҳкум намуд.

Сухан сари исёне меравад, ки аввали моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ташкил карда шуд, хабар медиҳад Прокуратураи генералии ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми дар шаҳри Иркутски дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, ҳанӯз моҳи августи дар бораи омодагӣ ба ошӯби Ҳоҷӣ Абдуҳалим огаҳӣ дошт.

«Охирҳои моҳи августи соли 2015 ӯ ба Тоҷикистон омада, имконияти воқеъӣ дошт, ки дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар расонад, - омадааст дар маълумоти Прокуратураи генералӣ. - Aммо, ӯ бинобар манфиатдории шахсӣ, ки дар ҷонибдориаш аз гурӯҳи ошӯбгари Назарзода А. ва тарафдорони ӯ ифода меёбад, дар ин бора ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст».

Гуфта мешавад, ҳамчунин, ӯ 26 марти соли 2018 ба Тоҷикистон омада, зимни суҳбат бо корманди  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дур шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва  барои ошкор насохтани амалҳои ҷинояткоронааш маблағи калони пулӣ ба микдори 5.000 доллари ИМА ба сифати пора пешниҳод намудааст.

«Рӯзи 28 марти соли 2018 Ризоев Э.Ҷ. ҳангоми  ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ додани маблағи пулӣ ба сифати пора ба микдори 5.000 доллари ИМА дар ошёнаи дуюми тарабхонаи “Яккачинор”-и шаҳри Душанбе дастгир гардида, маблағи мазкур ёфта гирифта шудааст», - қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки суд ӯро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 170(барои дузанагӣ), моддаи 347 қисми 1 (барои хабар надодан оиди ҷиноятҳои ванин ва махсусан вазнин) ва 320 (барои додани пора) КҶ Тоҷикистон  гунаҳгор дониста, ба 8 солу 4 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.