Суди шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат Суннатулло Муҳаммадиевро барои узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ ва иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Судя ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Шуҳрат Саидмухторзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки судшаванда моҳи июли соли 2016 ҳамроҳи модар, ҳамсар ва се фарзанди ноболиғаш нахуст ба Алмаато, сипас баъди 6 моҳ ба Туркия рафта, аз он ҷо ба Сурия меравад ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад.
«Ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дастгир карда, ба ихтиёри Тоҷикистон доданд», - иброз дошт судя.
Ёдрас мекунем, ки як моҳ пеш - 13 июни соли 2018 суди шаҳри Хуҷанд бародари ӯ - Масрурхон Муҳаммадиеви 36-сола, табибро низ барои узвият дар сафҳои Давлати исломӣ ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.
Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2017 раиси суди вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода иттилоъ дода буд, ки соли гузашта судҳои вилоят нисбати 257 тан аз сокинони вилоят 165 парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ ва ифротгароиро баррасӣ намудаанд, ки байни онҳо як нафар зан ва як нафар ноболиғ низ ҳузур доштанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста