Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи ҷумҳуи Гул Шералӣ, ки ба гумони даст доштан дар лату кӯби афсари Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллозода санаи 9 июл боздошт шуда буд, рӯзи 11 июл таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд.

«Диловар Гулови 26-сола баъди ду рӯзи боздошт дар робита ба лату кӯби Дилшод Нарзуллозода озод карда шуд, аз ӯ баёноти тарк накардани маҳалли зист гирифта шуд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, нисбати Диловар Гулов то имрӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашуда, аз рӯи далели муноқиша ва лату кӯби корманди милитсия прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тафтишот мебарад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан зикр гардида буд, ки Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, айни замон дар ин ҷо муолиҷа мегирад.

«Бинии афсари милитсия шикаста, косахонаи сар ва манаҳаш ҷароҳат гирифтааст ва дар бораи рухсатӣ шудани ӯ аз бемористон алҳол сухан гуфтан барвақт аст», - гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ.

Ёдрас мекунем, ки муноқиша байни афсари милитсия ва Диловар Гулов шоми рӯзи 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.