Прокуратураи вилояти Хатлон тафтиши парвандаи ҷиноиро аз рӯи далели таркиш дар назди Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба итмом расонид. Таркиш санаи 1 декабри соли 2017 замони аз ҷониби капитан Зоҳидзода бақайдгирии аслиҳа ва муҳимот рух дод.

Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки  парванда нисбати нозири минтақавӣ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 108 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) ва 322 (Хунукназарӣ) боз шуд, ки норинҷакпартои дастии зиддитанкиро (РПГ)-ро дарёфт намуда буд.

Прокурор аз ифшои ному насабаи нозири минтақавӣ худдорӣ варзида, танҳо илова намуд, ки парванда ҷиҳати омӯзиш ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ фирстода шуда, сипас ба баррасии суд ирсол мегардад.

Моҳи декабри соли 2017 Вазорати корҳои дохилӣ таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳодисаи нохуш номида буд. Дар Вазорат зикр карда буданд, ки ҳодиса дар натиҷаи таркиши норинҷакпартои дастии зиддитанкӣ, ки дар дохилаш тир дошт, ба амал омад.

Бар асари ин таркиш муфаттиши навбатдори шуъба капитан Муҳиддин Зоҳидзода ҳалок шуд, ки дар ин вақт рақамҳои муҳимоти ҷангии дарёфтшуда дар яке аз ноҳияҳои Бохтарро ба қайд мегирифт. Аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ин ҷо то ҳанӯз аслиҳаву муҳимоти зиёди пинҳоншуда боқӣ мондааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.