Адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муваффақ шуданд, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов бори чорум аз сар гирифта шавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Эътилоф, Прокуратураи генералии Тоҷикистон падарро танҳо баъди се соли даргузашти писараш ҷабрдида эътироф кард.

Адвокатҳо натиҷаҳои тафтишотро оид ба боз доштани парванда бо сабаби муайн нагардидани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешуданд, зери шубҳа гузошта буданд. Айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолоти муфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми августи соли 2015 донишҷўи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Ваҳдат бераҳмона латукўб шуда, ҳанўз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард.

Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 тибқи моддаи 110, қисми 1 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пўшидаи мағзи сар бо хунрезиҳо дар қисмати бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар гуфта шуд.

Баъдтар, санаи 5-уми сентябри соли 2015, парванда ба қисми 3-и моддаи 110 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст)-и КҶ ҶТ гузаронида шуд. Аз он замон Прокуратураи шаҳри Ваҳдат се маротиба бо сабаби маълум нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шаванд, парвандаро боздошт.

Баъдан, аввалин бор дар таҷрибаи судии кишвар, оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок нисбати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво карда шуд. Дар рафти мурофиаи судӣ ҷавобгар далелҳои даъвогарро рад карда, қарор дар бораи бекор кардани қарори Прокуратураи шаҳри Ваҳдат оид ба боз доштан ва аз сар гирифтани тафтишотро пешниҳод намуд. Аммо каме баъдтар тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ боз маротибаи сеюм боздошта шуд.