Баъди санҷиши хидматӣ дар робита ба ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷик дар Серпуховои Москва чаҳор корманди пулис аз мақом барканор шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, кормандони пулис қаблан хабари сокинони маҳаллӣ дар бораи марди шубҳаоварро дар майдончаи бозии кӯдакон нодида гирифта буданд. Дар ин бора мақомоти пулиси вилояти Москва хабар додаанд.

Баъди санҷиш муовини роҳбар, роҳбари шуъбаи муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, нозири минтақавӣ ва муовини вай аз мақом барканор шуданд. Аз сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-соларо рӯзи 22 июл аз назди бинои истиқоматиашон дар Серпуховои наздики Москва рабуданд. Рӯзи баъд ҷасади ӯро дар дохили борҷомаи варзишӣ пайдо карданд.

Ташхиси судиву тиббӣ муайян кард, ки Ҳувайдо таҷовуз ва бо зарби корд куштаа шудааст. Як сокини маҳаллӣ бо гумони содир кардани ин ҷиноят боздошт шуд.

Тафтишот муқаррар кард, ки соли 2017 сокинони маҳаллӣ ба пулис муроҷиат кардаанд, ки марди гумонбар нисбати Ҳувайдо "рафторҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст". Нозири минтақаӣ вазифадор буд, ки санҷиш анҷом диҳад, аммо нахост оморҳои минтақаашро бад шаванд ва аз таъсис додани парвандаи ҷиноятӣ даст кашид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҷасади Ҳувайдои 5-соларо дар зодгоҳаш дар шаҳри Кӯлоб дафн карданд. Даҳҳо нафар аз хешовандону ҳамдеҳагон дар маросими дафни Ҳувайдо Тиллозодаи номурод ширкат доштанд. Ҳувайдоро дар канори гӯри бобову бибии падариаш дар оромгоҳи маҳалли зисташон дафн карданд

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 июл дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шуд, ки чанде қабл бедарак шуда буд.

Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар додаанд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Тибқи маълумоти нашрия, гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шудааст.