Шикояти таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и ширкати чинии «Лен Ху А» мавриди баррасӣ қарор дошта, алҳол натиҷаҳои он маълум нестанд.

Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соҳибкори Чин аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят карда, суди зинаи таҷдиди назар ҳақ будани кадом ҷонибро муайян хоҳад кард.

Дар баробари ин Қаландарзода ақидаи соҳибкори Чинро дар мавриди шубҳааш ба боадолат будани мақомоти судии Тоҷикистон рад намуд.

«Суди иқтисодии Тоҷикистон мустақил ва боадолат аст ва гуфтаҳои ӯ доир ба фишор болои суд ҳеҷ асосе надорад», - изҳор дошт Қаландарзода.

Ёдрас мекунем, ки ду сол пеш соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А, молики ширкати «Лен Ху А» ва Маркази фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар бораи ғасби рейдерии корхонааш оид ба истихроҷи металли сурма дар мавзеи Чойрухдаррон дар вилояти Суғд хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ба сохтмони корхона ӯ 1 млн. доллар маблағгузорӣ кардааст. Шарики ӯ, роҳбари ширкати «Азия-тур» Каромат Содиқова корхонаи ӯро дар «Ориёнбонк» ба гарав гузошта, ба маблағи наздики 1 млн. сомонӣ қарз мегирад, вале пулҳоро барнамегардонад. Дар натиҷа бонк пардохти қарзро аз тоҷири Чин талаб мекунад.

Баҳсҳои тӯлонии судӣ дар Суди иқтисодии Душанбе ва Суди олии иқтисодӣ бо ҳабси амволи соҳибкори Чин анҷом пазируфтанд. Дар натиҷа фаъолияти корхона боздошта шуда, 130 нафар коргароне, ки моҳона аз 1500 то 2000 сомонӣ маош мегирифтанд, бекор монданд.

«Минбаъд ширкати маро бо нархи даҳҳо маротиба пасстар аз арзиши аслӣ ба Каромат Содиқова фурӯхтанд», - изҳор дошта буд он замон тоҷири Чин.

Аввали соли 2018 Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Каромат Содиқоваро ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳо бо ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.