Дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ маросими навбатии нобуд кардани маводи мухаддири мусодирашуда баргузор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, аз ҷумла зиёда аз 247кг 777гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 40кг 131гр героин, 17кг 71гр афюн, 165кг 341гр ҳашиш, 24 кг 590 гр бангдона ва 86 гр ҳабҳои нашъадори синтетикии MDMA, ки оид ба мусодираи онҳо иҷроварақаи судӣ ворид гардидааст, тариқи сузонидан нобуд карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳамагӣ дар давоми соли ҷорӣ аз 1 январ то ба имрӯз дар Агентӣ 2 тоннаю 558,777 кг маводи нашъаовар бо тарзи сузонидан нобуд карда шудааст, ки аз ин 357,619кг героин, 320,912кг афюн, 911,561кг бангдона, 968,41кг ҳашиш ро ташкил медиҳанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.