Ба гумони даст доштан дар қаллобиву тамаъҷӯӣ зимни тақсиму ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин ба шаҳрвандон муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс ва ду мансабдори давлатии ноҳияи Носири Хусрав боздошт шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, муовини раиси ноҳияи Шаҳритӯс Маҳмадсоли Баротов ба бовари сокинони ноҳия Фозилбек ва Ғолибшо Сангаковҳо даромада, аз онҳо барои ҳуҷҷатгузориии хонаву сертификати замин 6,2 ҳазор сомонӣ маблағ мегирад, лекин то ҳол ягон ҳуҷҷате ба онҳо надодааст.

Ҳамчунин ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ кардани қитъаи замин сармеъмори ноҳияи Носири Хусрав Суҳроб Убайдуллозода ва сардори шуъбаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи ҳамин ноҳия Шарифхон Мадалиев низ боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, сармеъмор бо ваъдаи ҷудо кардани 0,6 га қитъаи замин ба шаҳрванд “А” – 2 ҳазор сомонӣ гирифтаву боз 8 ҳазор сомонии дигар талаб мекунад ва сардори Агентӣ бошад, барои ҷудо кардани 0,10 га қитъаи замин аз сокини маҳаллӣ 2 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвнадаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.