Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо фармони худ сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳи Душанбе Рустам Саъдиевро, ки ба сӯи корманди зертобеъи худ тир парронида буд, аз мансаб барканор кард.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки ҳамчунин боз як қатор кормандоне, ки шаъну эътибор ва обрӯи  мақомотро паст зада, ба рафторҳои ношосита роҳ додаанд, низ аз вазифаҳояшон озод карда шудаанд.

“Бо фармони вазир сардорони шуъбаҳои милитсияи шаҳри Норак ва ноҳияи Вахш низ аз мансабҳояшон сабукдӯш гардида, дастур дода шуд, ки дар шуъбаи милитсияи фурудгоҳ пурра ҷойивазкунии кадрҳо гузаронида шавад”, - гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6 октябр сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Рустам Саъдиеви 34-сола дар ҷойи корӣ бо зертобеъаш Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола ба муноқиша пардохта, аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ ӯ тир холӣ кард.

Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад. Сардори шуъба боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тирпарронида Рустам Саъдиев ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиев замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.

Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии милитсияи фурудгоҳ боздошт ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.