Собиқ сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (даъватҳои солҳои 2005-2015) Саодат Амиршоева дар баробари Абӯбакр Қулматов адвокати Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи Тоҷикистон Гул Шералӣ таъин шуд, ки мурофиаи судӣ нисбати ӯ дар суди ноҳияи Шоҳмансур мегузарад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи мазкур хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи судӣ нисбати Диловар Гулов дар реҷаи кушода баргузор шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки Саодат Амиршоева холаи Диловар Гулов, хоҳари модари ӯ мебошад.

Диловар Гулов мутобиқи моддаи 237, қ. 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошие, ки бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда содир шудааст) айбдор карда шуда, дар сурати аз ҷониби суд эътироф шудани гуноҳаш, ба ӯ аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Санаи 8 июл дар яке аз кӯчаҳои пойтахт у корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллоевро лату кӯб кард, ки дар натиҷа чабрдида бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуд.

МАЪЛУМОТНОМАИ “Азия-Плюс”: Саодат Амиршоева вакили даъватҳои 3 ва 4-уми палатаи поёнии парлумон мебошад. Ӯ ташаббускори манъи никоҳ бо хориҷиён буд, зеро чунин мешуморид, ки ин ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. Амиршоева аз қабули лоиҳаи қонун дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ низ ҷонибдорӣ намуда, лекин ба санҷиши бакорати духтарон мухолиф буд, зеро инро таҳқир мешуморид.

Саодат Амиршоеваи 65-сола Ҳуқуқшиноси шоистаи ҷумҳурӣ, мушовири давлатии дараҷаи 3-юм аст, бо ордени “Нишони фахрӣ” қадрдонӣ шудааст. Ягона генерал-лейтенант миёни занони тоҷик аст, солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сифати судяи суди ноҳия ва вилоят, роҳбари Раёсати адлияи вилояти Хатлон кор кардааст.

Пас аз анҷоми рисолати вакилии парлумон Саодат Амиршоева ба нафақа баромада, ба фаъолияти адвокатӣ машғул аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.