Суди олии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба баррасии парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи далели қатли бераҳмонаи чор сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара шурӯъ мекунад, хабар дод як манбаъ аз Суди олии ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, мурофиаи судӣ махфӣ набуда, вале на ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла журналистон низ ба он роҳ дода шуда метавонанд.

“Ҷаласаҳои судӣ аз рӯи ин парванда дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №1 Вазорати адлия гузаронида мешаванд. Дар тавқифгоҳ судшавандагон нигаҳдорӣ шуда, тибқи тартиботи дохилии муассиса, ба он танҳо шахсоне роҳ дода мешаванд, ки иҷозатномаи махсус доранд.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Суди олӣ ба хадамоти матбуоташ дастур додааст, ки ин мурофиаи судиро ба таври васеъ барои матбуот инъикос намояд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июл дар қаламрави ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа чор нафари онҳо - ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсария ҳалок ва боз ду сайёҳи дигар захмӣ шуданд.

Аз панҷ нафари бевосита ҳамлагар ба сайёҳон танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда монда, боқимонда чор нафар дар ҷараёни амалиёти махсуси боздошт кушта шуданд.

Нисбати Ҳусейн Абдусамадов мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ бо бераҳмии махсус) ва 179, қ. 2 (Терроризм)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуд.

Ғайр аз ин, боз 10 нафар сокинони шаҳри Норак низ аз рӯи ин парванда дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ки ду нафар ба маблағгузории терроризм ва ҳашт нафари дигар дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 347 (Хабар надодан дар бораи ҷиноят) гумонбар дониста мешаванд. Ба онҳо пардохти ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ ё ҷазои 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Саволҳо ба миён меоянд

Дар Суди олӣ сабаби на дар бинои ҳамин суд, балки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) гузаштани мурофиаи мазкурро шарҳ надоданд. Аз ин рӯ, мо шархи шахси наздик ба тафтишотро пурсидем.

- Дар ин парвнада аз оғоз саволҳо зиёданд. Онҳоро на нозирони минтақавии оддӣ, балки ҷангиёни махсус таълимгирифта боздошт карданд. Ва онҳоро зинда боздошт карда натавонистанд. Ин савол ба сатҳи касбияти кормандони сохторҳои қудратии мо ё вазифаи зинда дастгир кардан набуд? - мегӯяд ӯ. – Ман ҷонибдори қисмати дуюми савол ҳастам.

Лекин чаро куштани онҳо зарур буд? Посухи мантиқӣ – чунки дар бозпурсии чандкаса ягон чизи барзиёдатӣ нагӯянд. Маълум аст, ки нисбат ба як нафар гумонбар, вақте агар чанд нафар баёнот диҳанд, баргардонидани ҷараёни тафтиши ба самти лозимӣ душвор аст. Инро ҳатто муфаттиши навкор ҳам медонад.

- Шояд ин амали террористӣ тавре нест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мо мегӯянд, - шарҳ медиҳад ӯ. – Шояд маҳз бо ҳамин сабаб, ки гумонбаршуда ягон чизи барзиёдатӣ нагӯяд, қарор шудааст, ки мурофиа дар тавқифгоҳ (СИЗО) баргузор шавад.

... Аз парвандаҳои пурсарусадо, ки мо ба хотир овардем, парвандаи собиқ фармондеҳи Гвардияи президентӣ Ғаффор Мирзоев соли 2006 ва парвандаи собиқ вазир саноат Зайд Саидов соли 2015 дар тавқифгоҳи муваққатӣ баррасӣ шуданд. Лекин ин парвандаҳо муҳри махфӣ доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.