Суди ноҳияи Шоҳмансур Диловар Гулов, писари собиқ вазири энергетикаи ҷумҳуриро ба як соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми суд санаи 2 ноябр содир гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, Гулов худро дар даст доштан ба лату кӯби Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола, корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон қисман гунаҳкор эътироф намуд.

“Диловар Гулов мутобиқи моддаи 237, қ. 3, б. “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Авбошие, ки бо истифодаи яроқ ё предмети ба сифати яроқ истифодашаванда содир шудааст) гунаҳкор дониста шуда, ба 1 соли зиндон маҳкум шуд. Муҳлати ҷазоро ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адо мекунад”, - гуфтанд дар суд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, мувофиқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Таъини ҷазои сабуктар нисбат  ба ҷазое, ки  барои  ин ҷиноят  пешбинӣ шудааст) ва назардошти ду кӯдаки ноболиғ доштани айбдоршаванда ва ҳамчунин самимона ба гуноҳаш иқрор шудан ва узр хостан аз ҷабрдида, суд ҷазои ӯро сабуктар кард.

Ёдрас мекунем, ки корманди Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон Дилшод Нарзуллозода санаи 8 июл бар асари муноқишаи лафзӣ бо Диловар Гулов дар яке аз кӯчаҳои пойтахт мавриди лату кӯб қарор гирифта, дар натиҷа бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.