Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ҷиноят аз рӯи далели ғорати манзили рӯҳонии маҳаллиро дар ноҳияи Вахш ошкор намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи ноҳияи Вахш хабар дод, шоми имрӯз се нафар гумонбарон ба ғоратгарӣ боздошт шудаанд.

Инҳо сокини деҳаи Оқгазӣ, пештар судшуда Юсуф Сафарови 34-сола, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Анвар Абирови 30-сола ва ҳамдеҳаи ӯ Темир Қурбонбоеви 28-сола мебошанд. Боз як сокини ҳамин ноҳия Наврӯз Зулфиқоров мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Зимни боздошт аз гумонбарон сейф бо 6,3 ҳазхор доллар ва 40 ҳазор сомонӣ дарёфт шудааст. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Бино ба иттилои манбаъ, гумонбаршудагон соати 1-и шаби 19 ноябр ба манзили сокини деҳаи Янгиҳаёти ноҳияи Вахш, нафақахӯр Муҳриддин Файзиддинов ворид шуда, бо таҳдиди корд сейфи дорои беш аз 6 ҳазор доллар ва 40 ҳазор сомониро бо худ бурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дуздон хонаи як рӯҳонии саршиноси маҳаллӣ - эшони Муҳриддинро дуздӣ кардаанд. Ин рӯҳонӣ сокини деҳаи Янги ҳаёти ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш буда, солҳои зиёд дар қозиёти вилояти Хатлон ҳамроҳи писараш дарси исломӣ медодааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.