Суди олии Тоҷикистон имрӯз роҳбари гурӯи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Дангара Ҳусейн Абдусамадовро ба ҳабси абад маҳкум кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи сайёри судӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон судяи Суди олӣ ҳукми ҳабси абади Ҳусейн Абдусамадовро қироат намуд. Боз ду иштирокчии ин парванда Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба муҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Ҳамчунин боз 12 нафар барои хабар надодан дар бораи ҷиноят (моддаи 347 КҶ ҶТ) ба муҳлатҳои аз як то якуним соли зиндон маҳкум шуданд.
Қаблан ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон хабар дода буд, дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи чор сайёҳи велосипедрони хориҷӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ аз суд дархост намуд, ки роҳбари гурӯҳ Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум карда шавад. Зикр гардида буд, ки Абдусамадов ба гуноҳаш иқрор шуда, вале пушаймонӣ изҳор накардааст.
Нисбати Ҳусейн Абдусамадов мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз қабили куштор бо бераҳмии махсус, терроризм, ифротгароӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барқасдона нобуд кардани амвол, ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд
Дар Суди олии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда махфӣ набуда, вале на ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла журналистон низ ба он роҳ дода шуда метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29 июли соли равон дар қаламрави ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла сурат гирифта, дар натиҷа чор нафари онҳо - ду шаҳрванди ИМА, як шаҳрванди Нидерланд ва як шаҳрванди Швейтсария ҳалок ва боз ду сайёҳи дигар захмӣ шуданд.
Дар ҷараёни амалиёти махсус чор нафар гумонбарон дар содир намудани ҳамла кушта шуда, танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда дастгир шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Боз як ҳолати фавт дар таваллудхонаи вилоятии Суғд
Сохтмони 53 мактаб бо $86 млн қарзи Бонки исломии рушд
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста