Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии шаҳри Москва ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколсев барқия ирсол намуд.

Дар барқия ҳамчунин дархост мешавад, ки санҷиши қазияи мазкур зери назорат қарор дода шавад.

Ёдрас мекунем, ки марди 36-сола, шаҳрванди Тоҷикистон дар шуъбаи умури дохилии “Вешняки” воқеъ дар шарқи шаҳри Маскав зимни бозпурсӣ ҳалок шуд. Табибони “ёрии таъҷилӣ” марги ӯро тасдиқ намуда, пешакӣ сабаби онро бемории заъфи шадиди дилу раг унвон карданд.

Аз рӯи ин далел санҷиши хизматӣ оғоз шуд, хабар дода буд қаблан ба “Лента.ру” намояндаи Сарраёсати ВКД дар шаҳри Маскав Максим Колосветов.

Бо завлонаҳо дар даст аз курсӣ афтид

Санаи 21 ноябр кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар ҳамдастӣ бо дастаи махсуси зудамал (СОБР) дар кӯчаи Никитинская дар доираи парвандаи ҷиноӣ дар бораи ғоратгарӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд 18 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт мекунанд. Байни онҳо Илҳомуддин Шоев низ ҳузур дошт.

Зикр гардида буд, ки байни боздоштшудагон марди 38-солае низ ҳузур дошт, ки бо сабаби муқовиматаш ба кормандони пулис ба дастонаш завлона зада буданд. Дар кабинети хизматии шуъбаи умури дохилӣ ӯ ногаҳон худро бад ҳис намуда, аз курсии нишастааш ба замин афтид ва пас аз он фавтид. Табибони “ёрии таъҷилӣ” марги ӯро тасдиқ намуда, пешакӣ сабаби онро бемории заъфи дилу раг унвон карданд.

Наздикони марҳум ба пулиси Русия бовар надоранд

Дар ҳамин ҳол, Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, писараш аз соли 2015 барои пулкоркунӣ ба Русия меравад: “Чанде қабл Илҳомиддин занг зада, хабар дода буд, ки ояндаи наздик ба хона бармегардад”.

Ӯ бовар надорад, ки писараш дар ғоратгарӣ даст дошта бошад. Шарофиддин Шоев ба фарзияи сабаби марги мақомоти пулис низ бовар надорад.

Радиои Озодӣ

Гуфта мешавад, дар маросими дафни Илҳомиддин Шоев мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Афроде, ки ҷасади Илҳомиддинро шустанд, осори зарбу латро дар тани ӯ тасдиқ карданд. Абдураҳим Самадов, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, "захмҳо дар рӯ, пушти сар ва дар дасташ буд. Дар тарафи дил ва дар кафи пойҳояш ҳам.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.