Ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсия дар бораи он шикоят кард, ки дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт як ҷавон ӯро таҳқир кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷавондухтар тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки ҷавон шаъну шарафи ӯро паст зада, бо ӯ дағалгуфториву мавриди таҳқир қарор додааст.

Аз рӯи ин далел кормандони милитсия сокини 24-солаи пойтахт, корманди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шарифҷон Розиқовро боздошт мекунанд.

Бо қарори суди ноҳияи Сино ба Шарифҷон Розиқов барои майдаавбошӣ 5 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ таъин шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.