Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини 40-солаи ноҳияи Шуғнон Мунъим Азратқуловро, ки дар доираҳои ҷиноятпеша бештар бо лақаби “Мишел” маъруф аст, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ ба Русия парвоз карданӣ будааст, то ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар он ҷо паноҳ барад.

Гуфта мешавад, аввали соли равон боздоштшуда ҳамроҳ бо шарикаш, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе бо номи Гадоматов бо истифода аз таппончаи тамғаи «Макаров» ба як сокини пойтахт таҳдид намуда, аз ӯ маблағи пулиро дар ҳаҷми 9 ҳазору 300 доллари ИМА ва 10 ҳазор сомонӣ тасарруф намудаанд.

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки Азратқулов қаблан барои содир намудани ғоратгарӣ дар Русия маҳкум шуда, дар муассисаи ислоҳии № 5 шаҳри Владимири вилояти Владимир ҷазои маҳрумӣ аз озодиро адо намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.