Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини 31-солаи шаҳри Бӯстон Фаррух Ҳалимовро боздошт намуданд, ба як силсила ҳодисаҳои қаллобӣ даст дорад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла бори охир моҳи сентябри соли равон аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми калон, ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда бошад ҳам, хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят зада, моҳи ноябр дар ноҳияи Ҷаббор Расулов такроран зиёда аз 18 ҷинояти қаллобӣ содир намудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми содир намудани ин аъмоли номатлубаш ӯ худро корманди мақомоти «милитсия», «суд», «прокуратура», «кумитаи давлатии амнияти миллӣ», «нозироти андоз» ва «хадамоти фармасевтии вилояти Суғд» муаррифӣ намуда, аз мағозаву дорухонаҳо ва меҳмонхонаҳо гӯё бар ивази ошкор накардани камбудиҳояшон маблағҳои пулӣ ситонидааст.

“Мувофиқи маълумотҳои оперативии дастраснамуда, номбурда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб задааст, - омадааст дар маълумот. - Аз хонандагони сомона эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки агар касе аз Ҳалимов Фаррух ҷабр дидааст, ё дар бораи дигар ҷиноятҳои содиркардаи ӯ маълумот дошта бошад, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намоянд”.

Зимнан зикр мегардад, ки номбурда қаблан чор маротиба барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, айни замон нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ аз ҷониби шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.