Генерал-майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандарзода сардори ШВКД-1 шаҳри Исфара таъин шуд. Аз соли 2013 ӯ ба сифати сардори ШВКД шаҳри Турсунзода фаъолият мекард.

Сардори нави Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода подполковники милитсия Алихон Рустам таъин шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Собиқ фармондеҳи саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров) баъди имзои Созишномаи сулху истиқрори миллӣ дар кишвар моҳи июни соли 1997 ба сохторҳои қудратии ҳукумат, Қушӯнҳои сарҳадӣ пайваст.

Номи Муҳаммадшоҳ Искандарзода пас аз иштироки фаъолонаи воҳиди зертобеи ӯ дар саркӯб кардани исёни ҷонибдорони мусаллаҳи полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар вилояти Суғд дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Тирамоҳи соли 2010 Искандаров дар амалиёти нерӯҳои ҳукумат зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдулло дар водии Рашт фаъолона ширкат варзида, баъдан муовини сардори Раёсати минтақавии ВКД таъин шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иваз карда шуданд.  

Ҳамин тариқ сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Норак, Турсунзода, Ваҳдат,  Конибодом, Истаравшан, ноҳияҳои Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Деваштич,  Дӯстӣ, Шамсиддин Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ, Муъминобод ва Кӯшониён, Шаҳринав ва ШВКД ноҳияи Сино-1 иваз карда шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.