Суди шаҳри Санкт-Петербург ду сокини ин шаҳрро барои куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар соли 2016 мутаносибан ба 15 ва 7 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург.

Гуфта мешавад, суд муайян кардааст, ки моҳи августи соли 2016 судшавандагон дар заминаи  муносибати хусуматомез ба шахси ноболиғ дарафтода, бо корду дастачӯб ва ханҷари шикорӣ ба ӯ зарбаҳои зиёд мезананд, ки дар натиҷа ҷабрдида дар бемористон ба ҳалокат мерасад.

Шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон каме дуртар аз фурӯшгоҳ зиндагӣ мекард. Нимаи шаб ҳангоми ба мағоза рафтанаш байни ӯ ва як гурӯҳи наврасону ҷавонон муноқиша сар мезанад. Зимни занозанӣ ӯ аз корд захмҳои зиёд гирифта, сарфи назар аз талошҳои табибон, дар бемористон ҳалок мешавад.

Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят се сокини маҳаллии синни аз 16 то 18-сола ва духтари 15-сола боздошт шуда буданд. Далалҳои шайъӣ аз гумонбарон дарёфт ва мусодира шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.