Суди вилояти Хатлон нисбати зани 58-сола Ҳоҷарой Ашӯрова ҳукм содир намуд: ӯ дар барқасдона куштани набераи 3-солаи худ Беҳрӯзҷон айбдор дониста шуд. Зан ба 18 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз суди вилоят.

Қобили зикр аст, ки айбдоркунандаи давлати қаблан аз суд дархост намуда буд, ки Ҳоҷарой Ашӯрова ба 20 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Дар сухани охирини худ дар мурофиаи судӣ зан изҳор намуд, ки набераи сесолаи ӯ қурбони муноқишаву ҷанҷоли доимии ӯ бо модари кӯдак шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дод, Ҳоҷарой Ашӯрова ба гуноҳаш дар куштори набера иқрор шуда, аз хешу ақрабо ва наздиконаш узр пурсидааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Ҳоҷарой Ашӯроваи 58-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 12 сентябр набераашро зинда ба зинда таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расидааст. Ҷасади кӯдак баъди 6 рӯз дарёфт шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.