Зимни рейди махсуси кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе 7 нафар ронандагони маст сари чанабараки воситаи нақлиёт боздошт шуданд. Миёни онҳо ронандаи микроавтобус (маршрутка)-и №14 Фароҳод Боқиев низ ҳузур дорад, хабар медиҳад маркази матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 16 ҳазору 500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Зимни баргузории рейди мазкур, ки муддати 7 рӯз дар роҳҳои пойтахт давом кард, наздики 3,8 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст.

Қонуншикании аз ҳама бештар аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и шаҳрӣ буда, барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкунӣ 216 нафар ронадагон ҷарима шудаанд.

Гуфта мешавад, 93 ронандаи микроавтобусҳои пойтахт низ барои худсарона баромадан аз хати сайр мавриди ҷаримабандӣ қарор гирифтаанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.