Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати ду афсари Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) маълум шуд, ки афсарони сарҳадбон замони рух додани садамаи нақлиёти марговар санаи 1 декабр дар Хоруғ маст будаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз прокуратураи ҳарбии гарнизони Хоруғ дар ин робита хабар дод, ҳарду афсари қушӯнҳои сарҳадӣ дарҳол баъди рух додани садама боздошт ва имрӯз дар ҳабс қарор доранд.

“Дар ҷараёни тафтиш муайян карда шуд, ки сарҳадбонони боздоштшуда аз рӯи далели даст доштан дар садамаи нақлиёти марговар дар Хоруғ, дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли машрубот қарор доштаанд. Ғайр аз ин, онҳо ҷойи хизматро худсарона тарк карда, бидуни огаҳии раҳбарият бо автомашинаи хизматӣ ба шаҳр баромадаанд”, - қайд карданд дар прокуратура.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ба афсарон аз рӯи ин далелҳо низ айбнома пешниҳод мешавад.

Дар моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5  сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёти рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак бар асари бархӯрди автомашинаи хизматии тамғаи «Toyota RAV-4»-и сарҳадбонон ба автомашинаи мусофиркаш (маршрутка) ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.